Садамаи нохуши нақлиётӣ дар пойтахти кишвар (20.01.2016) :: Вы смотрите канал iskandarsho :: Видео на TopVideo

Садамаи нохуши нақлиётӣ дар пойтахти кишвар (20.01.2016)

02:19 18,24 Mb 21.01.2016, 19:09 42503
Осталось   сек.
Понравилось 67 людям
Шаби 20-уми январи соли ҷорӣ тақрибан соати 01:55-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» (ёрии тиббии таъҷилӣ), рақами қайди давлатиаш 762 ХС 01, Турсунов Ҳабибулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи И.Сомонӣ ронандаи автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба аломати роҳ эътибор надода, ҳаракати худро бепарвоёна идома додааст.

Дар натиҷа автомашинаи тамғаи «БМВ-745», рақами қайди давлатиаш 0777 ВР 07, ронандааш Сатторзода Аъзам Ҷамшед, соли таваллудаш 1992, ки аз самти кӯчаи Рӯдакӣ бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бархурдааст.

Дар натиҷаи бархурди ду автомашина кормандони беморхонаи ёрии таъҷилӣ: Турдиев Аъзам, соли таваллудаш 1976, Самиева Зебӣ, соли таваллудаш 1971 ва ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Сатторзода Аъзам ҷароҳатҳои вазнин ба саломатӣ бардошта, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Марказии миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ карда шуданд.

Пас аз се соати садама, ронандаи автомашинаи «БМВ» Сатторзода Аъзам ва ҳамшираи шафқат Самиева Зебӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Мы предоставляем пользователям техническую возможность обмениваться информацией, хранить и искать ее. Чтобы получить возможность размещать и хранить свои видеоролики на наших серверах, пользователи принимают условия пользовательских соглашения, в соответствии с которым обязуются не создавать и не размещать незаконный контент.
Читать полностью